770 млн. сомонӣ барои рушди соҳаи иҷтимоӣ
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 770 млн. сомонӣ барои рушди соҳаи иҷтимоӣ дар нимаи соли 2011 равона шудааст, ки 39,9 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январ то моҳи июни соли ҷорӣ хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 250, 9 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.Манзилҳои истиқоматӣ дар ин давра аз ҳама зиёд дар вилоятҳои Хатлону Суғд -117,1 ҳазор метри мураббаъ ва 98 ҳазор метри мураббаъ сохта шудаанд.Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ хонаҳои истиқоматӣ асосан аз ҷониби сохторҳои ғайридавлатӣ сурат мегирад, ки ҳиссаи зиёди он ба аҳолӣ тааллуқ дорад. Аз рӯи натиҷаи семоҳаи аввал аҳолии кишвар баробари масоҳати умумии беш 246,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохтааст, ки ин 98,1% ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии ба истифода додашударо ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






