Аҳмадинажод бо эрониҳои Душанбе мулоқот менамояд
Душанбе, 29 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод 4 сентябр бо сафари расмӣ бо як ҳайати баландпояи давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Зимни сафараш М. Аҳмадинажод дар маросими ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки аз ҷониби ширкати эронии «Сангоб» дар ҷануби Тоҷикистон сохта мешавад, иштирок менамояд.Назар ба иттилои Ҳусайн Ширхонӣ, масъули бахши иттилооти Сафорати Эрон дар Душанбе, Маҳмуд Аҳмадинажод ҳамзамон зимни сафараш ба Тоҷикистон бо эрониёни муқими Душанбе дидору мулоқот менамояд. Дар сафар ба Тоҷикистон Маҳмуд Аҳмадинажодро вазирони корҳои хориҷӣ, нерӯ, кормандони масъули Дастгоҳи Президенти Эрон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Интизор меравад, ки зимни сафари расмии М. Аҳмадинажод ба Тоҷикистон як қатор Созишномаҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон ба имзо хоҳанд расид.








Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






