Аҳолӣ ба ҷойи бехавф кӯчонида мешавад
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар омӯзиши равандҳои хатарноки геологӣ хуб фаъолият доранд,- ироз дошт сардори саридораи мазкур Азим Иброҳим ба мухбири АМИТ «Ховар».Дар асоси супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ дар як қатор ноҳияҳо тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ гузаронида шуд.Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани тадқиқот маълум гардид, ки дар ноҳияи Вахш 9 деҳа, Хуросон — 10, Рашт -15, Ҷиргатол -18, Тоҷикобод -16, Файзобод -29, Восеъ -16, Мӯъминобод 20 деҳа ва дар 3 деҳаи аҳолинишини ноҳияи Шӯрообод хавфи кандашавии теппаҳо ва омадани ярч вуҷуд дорад. Мутахассисони соҳа барои кӯчонидани аҳолии 32 деҳа ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои зикршуда тавсияҳо пешниҳод намуданд. Мутахассисони соҳа бо хоҳиши дархосткунандагон дар масоҳати 124 гектар конҳои регу шағал корҳои тадқиқот геологӣ гузаронида, сипас, ин конҳои рӯизаминӣ барои истифода ба дархосткунандагон супорида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






