Абдулқодирзода соҳибкоронро ба адлу инсоф ҳидоят кард
Душанбе, 5 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сайидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бо соҳибкорони бозори «Шоҳмансур» — и пойтахт мулоқот анҷом дод.Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ зимни мулоқоти худ роҷеъ ба фазилат ва фалсафаи бузурги моҳи мубораки Рамазон сӯҳбат карда, соҳибкоронро ба адлу инсоф, ҳимматбаландию хайрхоҳӣ дар ин моҳи шариф ҳидоят намуд. Раиси Шӯрои уламо доир ба инсофу ҳимматбаландӣ, хайру эҳсон ва дар ин моҳи муборак кӯмак расонидан ба ятимону барҷомондагон ва мардуми камбизоат ривоят намуда, гуфт ки як амали нек баробар ба як амали фарз буда, як амали фарз баробар бар 70 амали фарз аст. Сарвари мусулмонони кишвар зикр кард, ки дар баробари тоату ибодат ва қироати Қуръони азимушшаън дар ин моҳ бояд ҳар фарди мусулмон, бахусус соҳибкорон, ки дар мағозаю бозорҳо ба фурӯши молу маҳсулоти ниёзи мардум машғуланд, аз ҳар гуна кирдорҳои ношоиста, хусусан дурӯғгӯию мардумфиребӣ ва беинсофӣ ҳазар намуда, ба эҳсонкорӣ ва корҳои хайру савоб даст зананд. Зеро ба ҷо овардани чунин фазилатҳои неки инсонӣ, арҷгузории мусулмонон ба фармудаҳои илоҳӣ, дини мубини ислом ва рисолати моҳи мубораки Рамазон аст.Бояд тазаккур дод, ки дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе, ки 1 августи соли равон баргузор шуд, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дода буд, ки дар мавриди дар моҳи Рамазон аз рӯи инсоф ба фурӯш гузоштани маҳсулоти хӯрокӣ дар бозорҳои пойтахт аз нерӯи имомхатибон ва дигар ходимони дин истифода карда шавад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






