Академияи авиатсияи Ҳиндустон боркашонӣ меомӯзад
Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Академияи авиатсияи граждании Ҳиндустон барои бозомўзии кормандони соҳаи авиатсия курсҳои кўтоҳмуддат ташкил кард. Аз 1 то 5 августи соли ҷорӣ дар доираи барномаҳои Ташкилоти байналхалқии авиатсионӣ (ИКАО) бозомўзӣ дар мавзўи «Идора кардани ҳамлу нақл» баргузор гардид. Манучеҳр Сафаров, сардори шўъбаи ҳуқуқи фурудгоҳи Душанбе, яке аз иштирокдорони курси таълимӣ иброз дошт, ки дарсҳои назариявӣ дар таълимгоҳи академияи авиатсионии шаҳри Деҳлӣ сурат гирифтанд. Таҳсил бо забони англисӣ буда, аз 7 кишвар- Ҳиндустон, Тоҷикистон, Филиппин, Нигерия, Ботсвана ва Қазоқистон 16 нафар намоянда иштирок карданд. Таҳсилгирандагон бо фаъолияти терминали боркашонии фурудгоҳи Деҳлӣ шинос шуданд. Бино ба гуфти М. Сафаров риштаи идоракунии терминал дар дасти ширкати туркии «Челебӣ» (Celebi) буда, соле то 600 000 тонна борро судуру вуруд менамояд. Дар доираи қабули имтиҳон шунавандагон мустақилона оид ба идораи ҳамлу нақл лоиҳаҳои худро пешниҳод карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






