Амалӣ шудани лоиҳаҳо имконият дорад

Август 23, 2011 08:51

Душанбе, 23 август, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти сардори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло, бо мақсади рушди соҳа якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия шудааст. Айни замон дар асоси яке аз ин лоиҳаҳои инвеститсионӣ сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа тавассути бунёди роҳи оҳани Ваҳдат — Ёвон ба масофаи 46 км идома дорад, ки маблағи сохтмонии он 129, 9 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.Аҳамияти сохтмони ин роҳ дар он арзёбӣ мешавад, ки масофаи роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа 4 маротиба кӯтоҳ гардида, ҳамлу нақли бору мусофирон аз ноҳияҳои ҷануби кишвар бидуни убури марзи Ӯзбекистон таъмин мегардад.Ба зами ин, боз ду лоиҳаи инвеститсионӣ; сохтмони роҳи оҳани Колхозобод – Панҷи Поён – Қундуз ба масофаи 121 км, лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Қошғар – Ош, Душанбе — Қарамиқ ба масофаи 296 км ба маблағи 1 млрд. 601 млн. доллари амрикоӣ таҳия шудааст, ки амалӣ шудани онҳо дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бебаҳо хоҳад буд.

Август 23, 2011 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд