Амалигардонии лоиҳаи ТоҷТОБ дар Рӯдакӣ

Август 9, 2011 13:00

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади пешниҳоди дастгирии молӣ ва техникӣ баҳри амалигардонии лоиҳаи ТоҷТОБ имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ баимзорасии Меморандуми ҳусни тафоҳум байни ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва ташкилоти Оксфам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Таъминоти об ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон» ба нақша гирифта шудааст.Дар рафти баимзорасии Меморандум ҳамчунин расман мавриди истифода қарор гирифтани шабакаи ташкилотҳои ба кор ҷалбгардида доир ба устувории таъминоти об ва беҳдоштӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба нақша гирифта шудааст. Қайд кардан лозим аст, ки дар доираи лоиҳаи ТоҷТОБ аллакай шабакаи миллӣ фаъолият мекунад. Ин шабака баҳри таъсиси зинаҳо барои ҳамаи ташкилотҳои таваҷҷӯҳдошта, баҳри ҳалли проблемаи устуворӣ ва самаранокии сохторҳои таъминоти об ва беҳдоштӣ дар деҳоти Тоҷикистон бо усули иваз намудани таҷрибаҳои пешқадам ва амалисозии навовариҳо дар лоиҳаҳои интихобӣ хизмат мекунад.Лоиҳаи «Таъминоти об ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон» аз моҳи ноябри соли 2009 бо маблағгузории раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки он аз ҷониби ташкилоти Оксфами Бритонияи Кабир амалӣ мегардад. Лоиҳаи номбурда баҳри таъсиси шароити мусоид барои дастраси аҳолии деҳот гардонидани хатти оби нӯшокӣ, ҳамчунин ташкили шароити беҳтари рушд ва мустаҳкамию устувории системаи зерсохторҳои обӣ равона гардидааст.Баҳри амалигардонии лоиҳаи номбурда ду ноҳияи таҷрибавӣ, Мӯъминобод ва Рӯдакӣ интихоб гардидааст. Дар ин ноҳияҳо сохтмон ва азнавбарқароркунии шабакаи обтаъминкунӣ, омӯзиши мутахассисон ва хариди таҳҷизоти зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Август 9, 2011 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад