«Андешаи миллӣ»-асари хештаншиносӣ

Август 6, 2011 09:32

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Соли гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба шаҳри Хуҷанд ба ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон супориш дода буд, ки бо мақсади тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ ва ифтихор аз давлатдории милливу фарҳанги волои аҷдодӣ китоби дарсии «Андешаи миллии тоҷикон» таҳия карда шавад. Шоёни таҳсин аст, ки чанд рўз қабл китоби мазкур аз ҷониби профессорону устодони донишгоҳ таҳия ва бо сифати баланд нашр гардид.Мавриди зикр аст, ки таҳияву ба нашр расидани чунин асарҳо имконият фароҳам меорад, ки «Андешаи миллӣ» ҳамчун фанни махсус ба низоми таълимии кишвар ворид гардида, ба донишҷўёни мактабҳои олӣ таълим дода шавад. Зеро худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар натиҷаи омўзиши амиқи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати худ ва муқоисаи он бо тамаддунҳои дигар ба вуҷуд меояд. Аз ин рў, бо эътимоди комил гуфтан мумкин аст, ки дар заминаи ин китоб боз силсилакитобҳои дигар таҳия ва нашр хоҳанд шуд.

Август 6, 2011 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад