Андозсупорандагони бемасъулият киҳоянд ?
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Мувофиқи талаботи қисми 60 моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси моддаи 111-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупорандагони зерин ба рӯйхати “Андозсупорандагони бемасъулият” ворид карда шуданд:Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Сипеҳри Хуросон», «Ориён-тоҷик», «Авлиё- 2010», «Ҳотами Исфаҳон», «Ҷилои офтоб», «Мусофирон», «Виза тур», «Икром ЛТД», «Асри осиё», «Меҳрона», «Тоҷ Айринес», «Восточний двор», «Одинаи Маҷид», «Хизмати азим», «Хизмат туризм», «Империал», «Манфиат тиҷорат», «Файзи нур», «Амири пурнур», «Бинокор-2010», «Мадад ЛТД», «Ихлос тиҷорат», «Райҳон 2003», «Мулки Оли Сомон», «Строител», «Сомон-сангрез-2009», «Сангреза-2011», «Сафо», «Пирамида», «Мозандарон», кооперативҳои истеҳсолии “Собир”, “Саид”, “Суғд”, “Довуд”, “Гулистон ЛТД”, “Файзобод”, соҳибкорони инфиродӣ Сафарова Миҷгона, Соиров Ҷаъфар, Петросян Артур, Давлатов Шарифбек, Каримова Зумрат, Азизов Рустам, Таварова Сафармоҳ, Юсупов Эраҷ, Баҳодури Исмат, Камбарова Шаҳноза, Замонова Башорат, Иброҳимов Алишер, Абдуллоев Файзиддин, Ҷабборов Мустафо. Андозсупорандагони номбурда барои нагузаштани марҳилаи азнавбақайдгирӣ, сари вақт пешниҳод накардани эъломияҳои андоз, пешниҳоди ҳисобнома-фактураҳои беасос ва дар маҷмӯъ, риоя накардани қонунгузории андоз ба рӯйхати “Андозсупорандагони бемасъулият” ворид карда шуданд.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






