Англия шумораи аскаронашро дар Афғонистон кам карданист

Август 25, 2011 11:08

Душанбе, 25 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 24 август мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Ноиби маршали Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, ёвари Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Британияи Кабир Греҳам Ҳовард баргузор шуд.Дар мулоқот Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур ва намояндагони Вазорати мудофиаи ин мамлакат низ иштирок доштанд.Дар ҷараёни сӯҳбат вазъи минтақа, нақшаҳои ояндаи ба қувваҳои амниятии Афғонистон супурдани вазифаҳо ва фаъолияти қувваҳои низомии Британияи Кабир баъди соли 2015 мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар робита бо ин, ҷонибҳо аз рӯи масъалаи дастгирии Қувваҳои байналмилалии мусоидат ба амнияти Афғонистон табодули афкор намуданд.Низомиддин Зоҳидов диққати мусоҳибонро ба зарурати мустаҳкам намудани қувваҳои сарҳадии Афғонистон ба манзури ҷилавгирии хилофи қонун убур намудани сарҳад, коҳиш додани гардиши маводи нашъаовар ва муборизаи зидди гурӯҳҳои террористӣ ҷалб намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 25, 2011 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд