Антон Караҷа: ПЕШВОИ АСРИ XXI- унвонест, ки номзадҳо танҳо пас аз омўзиши амиқ ва баррасии ҳамаҷониба сарфароз гардонида мешаванд
Суханронии Антон Караҷа, Президенти Шўрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ дар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Пешвои асри 21» (25 августи соли 2011, Душанбе)Ҷаноби Олӣ Президенти мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Аъзои ҳайъати мўҳтарам, вакилони Парлумон, академикҳо, аҳли зиё, меҳмонони гиромиқадр, хонумон ва ҷанобонБоиси массарат ва ифтихормандии ман аст, ки имрўз дар пешорўи Шумо қарор гирифта, ба дастовардҳои шахсияти асри 21 арҷ мегузорам.Дар воқеъ рўйдоди нодир аст, ки ба ман фурсат фароҳам омадааст, то бо шахсияте, ки сирату симои кишвар ва минтақаро тағйир дода, инчунин дар кори бунёди ояндаи наву дурахшон саҳм гузоштааст, мулоқот анҷом дода, сидқан табрик намоям. Дар ҷаҳони пуршебуфароз ва пуртаззоди пур аз тасвирҳои бе шакл ва бемўҳтаво, мо имрўз ташриф овардаем, то ба қадри ШАХСИЯТ эҳтиром гузорем, дар дунёе, ки арзишҳои асили худро гум карда истодааст, мо ба ҳам омадаем, то АРЗИШҲОИ воқеиро қадрдонӣ намоем, дар замоне, ки аксарият ҳарф зада, амалкард надоранд, мо омадаем, то АМАЛҲОРО қадр кунем, мо қадам ранҷа намудаем, ки то аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намоем. Мо ҳамагон дўстони башарият пайи суро?и шахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, бо амал, идрок ва нерўи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову Шумо таъмин менамоянд. Мо ба он мақсад ташриф овардаем, то ба ПЕШВОИ АСРИ XXI, ба марде, ки дар замони низову ҷанги шаҳрвандӣ, роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназзулу бўҳрон, пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин намуд, марде, ки дар ҳамдастагӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ, дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад: ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Бояд иқрор шуд, ки унвони ПЕШВОИ АСРИ XXI унвонест, ки номзадҳо танҳо пас аз омўзиши амиқ ва баррасии ҳамаҷониба сарфароз гардонида мешаванд. Бинобар он, ки бо он роҳбарони давлатҳо сарфароз гардонида мешаванд, фаъолияти онҳо даҳсолаҳои амалҳову дастовардҳои ноилгаштаро бо таъсири мусбат ба ҳаёти халқу кишвар таҷассум менамояд. Дар раванди қабули қарор ҷиҳати сарфароз гардонидани Президент Эмомалӣ Раҳмон бо унвони ПЕШВОИ АСРИ XXI, далелҳои зерин ба инобар гирифта шуда буданд:- мусоидат ба ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ, таъмини идоракунии шаффоф ва озодии матбуот, дастгирии ҷорӣ кардани равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқҳои инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ва бароҳандозии дигар барномаҳои созандагӣ, — рушди пайгиронаи пояҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон тавассути маблағузориҳо ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ки дастгириашон ҷавобгўи чунин арзишҳои дахлнопазири ҳуқуқи инсон, ба монанди тандурустӣ, маориф ва зиндагии солим мебошад, — мусоидат ба ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва эҳёи симои таърихии Душанбе, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо, ки яке аз саъйу талошҳои муассир барои таъмини дастгирии ояндаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, — рушди доимӣ ва ҳимояи мероси фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик, мубаддал гардондани Душанбе ба яке аз марказҳои ҳамоиши Аврупою Осиё ва машъали рушд барои тамоми минтақа,- дастгирии доимии сулҳу субот ва амният дар миқёси ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи андешидани тадбирҳои муҳими байналмилалӣ, ба мисли табдил додани Тоҷикистон ба кишвари сулҳоро ва дорои сарҳадҳои бехатар, — ҳамчунин, равобити дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Олӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, фарҳанг, иқтисод, сиёсат, ки заминаи устувори робитаҳои мутақобилан судмандро бунёд мекунанд, хислати рушдкунанда касб намуданд.Бо дарназардошти ин далелҳо, дар баробари омилҳои дигари сершумор, ки дар рафти мулоқоти ғайринавбатии Шўрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ рўзи 26 июли соли 2011 бо иштироки Сафир Рустамҷон Солиев муаррифӣ гардиданд, Кумитаи академикии Шўрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ сарфароз гардондани Шумо ҷаноби Олиро бо яке аз унвонҳои олии фарҳангию акамедикӣ — ПЕШВОИ АСРИ XXI тайид намуд.Бинобар гуфтаҳои боло, ифтихормандам, ки Шуморо, ҷаноби Олӣ бо унвони ПЕШВОИ АСРИ XXI сарфароз гардонам.Ҷаноби Олӣ Президенти мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шумо ба садои озодӣ, сулҳ, пешрафт ва нидои мардуми Тоҷикистон гўш меандозед. Ин унвон эътирофи байналмилалии талошу фаъолияти Шумо то ин рўз дар ҷодаи хизмат ба халқи Тоҷикистон ва сулҳ дар минтақа буда, ҳамзамон он рисолати пурмасъулест, зеро ҳамакнун мо аз Шумо хизматҳои шоистаро дар оянда баҳри манфиати тамоми башарият умедворем. Шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин дастовард табрик ва таҳният мегўем.