Армуғони тиббӣ ба ҷашни Истиқлол

Август 22, 2011 15:26

Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). Олимони ДДТТ дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби пурарзиши «Энсиклопедияи мухтасари тиб»-ро ба нашр расониданд, ки дар омодасозии он шумораи зиёди олимон ва устодони варзидаи ин даргоҳи илмӣ фаъолона ширкат варзиданд. Омодасозии ин энсиклопедия моҳи январи соли 2010 оғоз ёфта, мақсад буд, ки он дар 5 ҷилд бо сифати баланд ва дарбаргирии пурраи комёбиҳои навтарини илми тибби муосир омода ва нашр гардад. Бо кўшиши зиёди гурўҳи корӣ, ки беш аз 30 нафар олимони варзидаро дар бар мегирифт, ду ҷилди китоби мазкур ба дасти хонанда расид. Маврид ба зикр аст, ки «Энсиклопедияи мухтасари тиб» барои ба низом даровардани комёбиҳои таърихии олимони тоҷик дар риштаи тиб, дар алоқамандӣ бо дигар шохаҳои илми табиатшиносӣ ва шарҳу эзоҳ додани ин дастовардҳои илмӣ кўшиши аввалин ба ҳисоб меравад. Аз ин рў метавон онро армуғони арзандае ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳисобид.

Август 22, 2011 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад