Аввалин бинои осмонбӯс дар Душанбе
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Душанбе- плаза», баландтарин бино дар Душанбе маҳсуб меёбад, ки сохтмонаш имрӯзҳо бо суръат идома дорад. Ин бинои хуштарҳи замонавӣ, ки дар маркази Душанбе –кӯчаи Бухоро бурриши хиёбони Рӯдакӣ қомат афрохтааст, дар остонаи 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки сохтмони «Душанбе плаза» ду сол муқаддам -12 октябри соли 2009 оғоз гардида, фармоишгари он Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ –Сохтмон- Байналмилал» пудратчиаш мебошад. Лоиҳаи «Душанбе-плаза» аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Шаҳрофар» таҳрезӣ гардида, арзиши умумии иншоот беш аз 160 миллион сомонӣ аст.Масоҳати умумии «Душанбе-плаза» наздик ба 40 ҳазор метри мураббаъ ва баландиаш 92 метр буда, он аз 20 ошёна ҳамчун рамзи 20-соли истиқлолияти давлатӣ ва ду ошёнаи техникӣ иборат аст.Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе, ошёнаҳои 1, 2 , 3, 4 ва 5 барои марказҳои иттилоотӣ,-намоишгоҳҳои сайёр, муд, толорҳо бо утоқҳо барои машваратҳои расмӣ дар сатҳи олӣ, утоқҳо барои намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ махсус гардонида шудаанд. Дар айвонҳои ошёнаҳои 6 ва 19 тарабхонаҳо барои 200 ва 60 ҷой вуҷуд дошта, ошёнаҳои 7-15-утоқҳои маъмурӣ, идора (офис), ошёнаҳои 17, 18 ва 20 меҳмонхона барои 40 ҷой (аппартаментҳо) аст.Дар ошёнаҳои 21-22 -утоқҳои техникӣ ҷойгиранд. Ҳамчунин, «Душанбе плаза»- дорои таваққуфгоҳ буда, он аз ду ошёнаи баландии ҳар кадомаш 3 метрӣ иборат аст. Масоҳати таваққуфгоҳ 5000 метри мураббаъ аст, ки он барои 100 автомашина пешбинӣ шудааст. Иншооти замонавӣ дорои 12 лифт, аз ҷумла 4 лифти манзаравӣ, 2 лифти борбардорӣ то 1000 кг, 4 лифти борбардори 100 кг ва 2 лифти борбардори 630 кг аст. Ба истифода додани «Душанбе-плаза» дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти ҷумҳурӣ на танҳо ба ҳусни пойтахти тоҷикон шукӯҳи хосса зам менамояд, балки он пайки некест аз корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар кишвар.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






