Аз «Ӯзтрансгаз» қарздор нестем

Август 5, 2011 09:38

Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов, дар семоҳаи сеюм Ҷумҳурии Ӯзбекистон нархи газро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 35 доллар боло бурда, барои 1000 метр мукааб газ 284 доллару 33 сент муқаррар намуд. Ин дар ҳолест, ки нархи 1000 метри мукааб газ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали соли ҷорӣ 224 доллару 85 сент ва дар семоҳаи дуюми соли 2011 249 доллару 19 сент муайян шуда буд.Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нархи газро Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои Тоҷикистон дар ҳаҷми 56 доллар боло бурдааст.Тибқи шартнома соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 180 млн. метри мукааб газ харид карданист. Ба иттилои манбаъ, дар нимаи аввали соли 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба миқдори 88 млн.метри мукааб газ дастрас намуд. Ҷумҳурии Точикистон дар ҳар даҳрӯза нархи гази аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон гирифтаашро пешпардохт менамояд. Айни ҳол Тоҷикистон аз «Ӯзтрансгаз» қарздор нест ва газ бе мушкилот ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад,- иброз доштанд дар «Тоҷиктрансгаз» ба мухбириАМИТ «Ховар».

Август 5, 2011 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад