Ба пешвози 20 — солагии Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамдастӣ бо сокинони ноҳия баҳри ободии диёр ва сазовор ҷашн гирифтани 20 – солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои омодагиро торафт суръат мебахшанд,- иброз дошт мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммадии Салим ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти М.Салим, дар доираи чорабиниҳо бо ибтикори соҳибкорони ноҳия 12 толори варзишӣ, фабрикаи дорусозӣ (фармасевтӣ) дар деҳоти Чоряккорон ба маблағи 13 млн. сомонӣ барои 150 ҷойи корӣ, маркази тиҷорату хизматрасонӣ дар деҳоти Ҷимтеппа ба маблағи 2 млн. сомонӣ барои 40 ҷойи корӣ, ташхисгоҳи умумии химиявӣ, дорухонаи «Фирдавс», бинои иловагии мактаби таҳсилоти умумии рақами 137, коргоҳи ҳасиббарорӣ дар деҳоти Қӯштеппа, коргоҳи қаннодӣ дар деҳоти «Россия», коргоҳи дӯзандагӣ ва дорухона дар шаҳраки Турсунзода аз ҷумлаи 100 иншоти ҷашнӣ буданд, ки ба истифода дода шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






