Бар асари садама духтарчаи 3-сола ба ҳалокат расид
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари садамаҳои нақлиётие, ки рӯзҳои истироҳат дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омаданд, се нафар, аз ҷумла як нафар ноболиғ ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои ВКД ҷумҳурӣ дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат автомашинаи «Опел-Вектра», ки онро сокини 21-солаи ноҳияи Ёвон идора мекард, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба чуқурии 90 метр чаппа шудааст. Бар асари ҳодисаи нохуш худи ронанда ва як мусофири 21 солаи ҳамон ноҳия ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Мусофири дигари он бо гирифтани ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардид. Дар натиҷаи садамаи нақлиётии дуюм, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайваст, ноболиғ ба шаҳодат расид. Ронандаи автомашинаи «КИА» ҳангоми ҳаракат ба тарафи маҳаллаи Гулбутта духтарчаи 3 соларо пахш намуд, ки ноболиғ бо бардоштани ҷароҳати вазнин ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат расид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






