Баррасии қонуни афв дар кумитаҳои парлумон
Душанбе, 17 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афв» 17 август зимни баргузории нишасти муштараки кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои ҳамаи кумитаҳои ин мақоми олии қонунгузор лоиҳаи қонуни мазкурро яке аз қонунҳои муҳим ва иқдоми инсондӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, арзёбӣ карданд.Таъкид шуд, ки лоиҳаи қонун бо мақсади муайян намудани асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аз ҷониби давлат афв намудани маҳбусон ва дигар шахсони ҷиноятсодирнамуда ба ифтихори ҷашни 20 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.Иштирокдорони ҷаласа зикр намуданд, ки қонуни мазкур пеш аз ҳама он шахсонеро фаро мегирад, ки аз нигоҳи ҷинс, синну сол, вазъи соломатӣ ва бартараф гардидани хавфнокии ҷинояти содиршуда ба афви гуноҳ эҳтиёҷ доранд.Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифи ҳуқуқи кишвр перомуни лоиҳаи қонун табодули назар карданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






