Баррасии масъалаҳои муроҷиати шаҳрвандон
Душанбе, 3 август (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 5 август дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Муроҷиати шаҳрвандон ҳамчун василаи иштирок дар корҳои давлатӣ» баргузор мегардад. Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Маркази маърифату ташвиқи зиддикоорупсионӣ» якҷоя бо Ассосиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон созмондиҳандагони ин чорабинӣ маҳсуб мешаванд.Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, ВАО, созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ иштирок менамоянд. Бино ба иттилои Ассосиатсияи миллии ВАО мустақили Тоҷикистон дар ҷараёни ин чорабинӣ масъалаҳои асосҳои ҳуқуқии муроҷиати шаҳрвандон ва муроҷиати онҳо ба мақомоти ҳокимият ҳамчун василаи иштирок дар қабули қарорҳо мавриди муҳокима қарор мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






