Баррасии масоили ҳамкории иқтисодии ҶТ ва Чин
Душанбе, 1 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 29 июл дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Фаррух Ҳамралиев бо сардори Раёсати лоиҳаҳои Бонки давлатии рушди Чин Чжан Синмин ва коршиносони бонки мазкур баргузор гардид.Тавре дар маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамкории иқтисодӣ дар бахши тарҳрезии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои авлавиятдори иқтисодиёти миллиро мавриди муҳокима қарор доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, ҷонибҳо бо мақсади тезонидани фаъолият дар ин самт тасмим гирифтанд, ки гурӯҳи муштараки корӣ таъсис дода шавад. Гурӯҳи корӣ барои роҳандозии тадбирҳои муайяннамудаи Эъломия масъулият хоҳад дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






