Беҳдошти низоми тандурустӣ

Август 9, 2011 11:09

Душанбе, 9 август (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Мадад ба беҳдошти кори низоми давлатии тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати расонидани хизмати хушсифати тиббӣ ба гурӯҳҳои осебдидаи аҳолӣ мақсади асосии лоиҳаи минтақавии «Беҳдошти низоми тандурустӣ» маҳсуб мешавад, ки имрӯз дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. Лоиҳаро Агентии оид ба рушди байналмилалии ИМА маблағгузорӣ мекунад. Тавре дар намояндагии Агентии мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, манзури лоиҳа иборат аз расонидани кӯмаки техникӣ, таълиму тарбия, ба ҷумҳурӣ овардани таҷҳизот ва асбобу анҷоми тиббӣ мебошад. Маблағи умумии лоиҳа 72 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.Қобили зикр аст, ки Агентии рушди байналмилалии ИМА ба Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳи низоми нигаҳдории тандурустӣ ба манзури расонидани хизмат ба беморон кӯмак мекунад. Ин лоиҳа дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон амалӣ мегардад.

Август 9, 2011 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад