Боғи нав

Август 12, 2011 11:21

Хоруғ, 12 август. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Бо ташаббуси ташкилоти ҷамъияти хайриявии «Ҷовид» дар деҳаи Даршайи ноҳияи Ишкошим ду гектар боғи таҷрибавӣ бунёд карда шуд. Солҳои пеш ин мавзеъро сокинони деҳа танҳо барои кишти юнучқа истифода мебурданд.Боғпарвар Ҷумъабой Нурмамадов ва гурӯҳе аз маскунони деҳа ба масофаи 5 километр хати об гузаронида, гирдогирди боғро девор гирифтанд. Ҳоло дар ин боғ зиёда аз 14 намуди ниҳолҳои мевадиҳанда парвариш мешавад.

Август 12, 2011 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш