Бонувон аз «Анна» ва «Надежда» боздид намуданд
Душанбе, 1 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як гурӯҳи кормандони Маркази худшиносии бонувони шаҳри Душанбе аз Русия баргаштанд. Онҳо муддати як ҳафта аз Марказҳои миллии «Анна», «Семья» ва «Надежда» боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардиданд. Дар ҷамъомаде, ки дар Маркази худшиносии бонувони шаҳри Душанбе бо иштироки фаъолзанони пойтахт баргузор гардид, мутахассисон таассуроти сафари худро аз Марказҳои миллии «Анна», «Семья» ва «Надежда» баён карданд. Зикр шуд, ки марказҳои мазкур бо мақсади пешгирии хушунати хонаводагӣ, барқароркунии вазъи иҷтимоии оилаҳо ва дастгирии ҳуқуқию иҷтимоӣ ва равонии занон созмон дода шуда, онҳо ба шаҳрвандони Русия ба таври ройгон хизмат мерасонанд. Назар ба иттилои директори Маркази худшиносии бонувони шаҳри Душанбе Шаҳло Ҷӯраева, сафари кормандони марказ ба Маскав ва боздиди онҳо аз марказҳои «Анна», «Семья» ва «Надежда» дар омӯхтани таҷрибаи мутахасссисони ин марказҳо, тарзи коргузорӣ ва хизматрасонӣ ба муроҷиаткунандагон мусоидат менамояд.Бояд тазаккур дод, ки Маркази худшиносии бонувони шаҳри Душанбе ним сол қабл бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таъсис дода шуда, рисолаташ баланд бардоштани мақоми занони пойтахт дар ҷомеа, ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, хусусан нисбат ба занон, баланд бардоштани маърифати занону бонувон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоӣ, расонидани кӯмакҳои ҳуқуқию равонӣ ба занон мебошад. Марказ барномаи стратегиро барои солҳои 2011-2015 таҳия кардааст, ки он се ҳадаф ва 8 вазифаи стратегиро дар бар мегирад.Марказ тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик барои заноне, ки бо хушунат рӯ ба рӯ гардидаанд, паноҳгоҳи муваққатӣ таъсис диҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






