Боз як корхонаи нав дари худро боз мекунад
Душанбе, 15 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе, иқтидори корхонаи мазкур истеҳсоли 10 ҳазор дона лампа дар як шабонарӯз буда, дар он 126 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбеконтрактпром» фармоишгар ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Чун Ан Шиди» пудратчии асосии сохтмонаш аст. Лоиҳаи корхона аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Аи Д» таҳрезӣ гардидааст. Корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ ба маблағӣ беш аз 2 миллион сомонӣ бунёд гардида, он аз буҷаи шаҳр пардохт шудааст.Масоҳати умумии корхона наздик ба 1500 метри мураббаъ буда, он аз коргоҳҳои истеҳсоли пластмасса, патрон, галваникунонӣ ва санҷишӣ иборат мебошад. Афзалияти корхона аз дигар корхонаҳои ҳудуди вилояти Суғд дар он аст, ки истеҳсоли ҷузъҳои иловагии зарурӣ дар коргоҳҳои истеҳсоли маводҳо аз пластмасса, патрон ва галваникунонӣ ба роҳ монда шуда, ба ин васила шумораи ҷойҳои корӣ зиёдтар аст.Интизор, меравад, ки дар оянда дар корхона истеҳсоли лампаҳои рекламавӣ, светодиодҳо ва дигар маҳсулоти электротехникӣ ба роҳ монда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






