Боздиди Э. Раҳмон аз «Оби зулол»
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Субҳи имрўз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан дар маросими ба кор оғоз намудани хатти нави коркард ва истеҳсоли афшураи мева дар корхонаи муштараки “Оби зулол”, ки яке аз корхонаҳои калону замонавии кишвар ба ҳисоб меравад, иштирок намуд.
Ифтитоҳи хатти нав манбаи нави даромад ба буҷа ва ба миён овардани ҷойҳои иловагии корӣ барои сокинони шаҳри Истаравшан мебошад.Корхонаи «Оби Зулол», ки бо таҷҳизоти навтарини ҷаҳони имрўза муҷаҳҳаз гаштааст, имкон дорад дар як мавсим 25 ҳазор тонна меваю сабзавотро коркард намуда, аз он афшураҳои хушлаззат истеҳсол намояд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз ин ва дигар корхонаҳои саноатии коркарди меваю сабзавот ба хориҷи кишвар танҳо маҳсулоти тайёри ниҳоӣ содир карда шавад. Бо вуҷуди он, ки хатти истеҳсолӣ пурра ба таври автоматӣ кор мекунад, дар коргоҳи нави корхонаи «Оби Зулол» 40 нафар соҳиби кор шуданд.Умуман, корхонаҳои саноатии шаҳри Истаравшан дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 45 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ҳафт миллион сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






