Боздиди О. Оқилов аз «Сангтӯда»
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов аз маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» боздид ба амал овард. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали нерӯгоҳ, инчунин шароити меҳнату истироҳати сохтмончиёни он ошно гардид.
Иншооти мазкур дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон сохта шуда, дар бунёди он ширкатҳои «Фароб», «Умронӣ» ва «Сангоб» саҳм мегузоранд. НБО «Сангтӯда-2» аз силсиланерӯгоҳҳоест, ки дар дарёи Вахш бунёд гардида, дар як сол бо иқтидори 1 миллиард киловатт соат-нерӯи барқ истеҳсол менамояд.Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» иншооти муҳими стратегӣ маҳсуб ёфта дар назар аст, ки агрегати аввали он дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






