Боздошти шаҳрванди Афғонистон бо маводи мухаддир
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар» Лутфия Эшонқулова).-Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сари Чашмаи мавзеи Сурхи Алам шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шаҳобуддин валади Субҳонқул (соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи вилояти Қундуз, вулусволии Эмомсоҳиб, деҳаи Авфурӯш), бо гумони хариду фурӯши маводи мухаддир дастгир шуд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи дастгиршуда маводи нашъадори бангдона- вазнаш 30 кг. 500 грамм ва маводи нашъадори навъи ҳашиш — вазнаш 5 кг. 100 грамм, ҷамъ 35 кг. 600 грамм дарёфт ва мусодира гардид.Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






