Бунёди 35 иншооти ҷашнӣ дар Истаравшан

Август 4, 2011 12:58

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бинокорони шаҳри Истаравшан корҳои бунёдкориву васлгариро иҷро карда, таъмиру азнавсозии биноҳои маъмурии ҳукумати шаҳр, шӯъбаи корҳои дохилӣ, прокуратура, Қасри фарҳанг, мактабҳои наву синфхонаҳои иловагӣ, толорҳои варзишӣ, пулу роҳҳо, дарвозаи Қалъаи Муғтеппа ва дигар иншооти иҷтимоиро ба анҷом расониданд. Айни замон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Истаравшан сохтмони зиёда аз 35 иншооти таъиноти гуногун идома ёфта, зиёда аз 20 адади он то рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.Дар шаҳри Истаравшан ҳамчунин ҳафт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 94 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҷдиди бахши иҷтимоӣ, рушди устувори деҳот, барқароркунии бахши энергетика, таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Чаноқ, беҳдошти вазъи соҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва нигоҳдории роҳҳо амалӣ шуда истодаанд. Дар бист соли соҳибистиқлолӣ ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба шаҳри Истаравшан аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо қариб ба 180 миллион сомонӣ расида, ба кор андохтани фондҳои асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 100 миллион сомониро ташкил додааст.

Август 4, 2011 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад