Бунёди НБО-и хурд ҷараён дорад
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои дурдасту душворгузари кишвар чун пештара самти авлавиятдори соҳаи энергетикаи мамлакат маҳсуб мешавад.Тавре аз муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши энергетикӣ» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи лоиҳаи «Бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар маҳалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат аз таъмини устувори нерӯи барқ дар як қатор деҳоти хурд ва бузурги кӯҳии мушкилдастраси аҳолии кишвар, инчунин тавлиди нерӯи барқ дар НБО-и хурд аз ҳисоби захираҳои нерӯгоҳҳои болои дарёҳои хурди деҳот барои соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад.Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур бунёди 8 НБО-и хурд чун «Марзич»-и ноҳияи Айнӣ, «Шашболо»-и ноҳияи Нуробод, «Сагикар»-и ноҳияи Рашт, «Фатҳобод»-и ноҳияи Тоҷикобод, «Питовкӯл»-и ноҳияи Ҷиргатол, «Хурма»-и ноҳияи Балҷувон, «Ширкент»-и ноҳияи Турсунзода ва «Тоҷ»-и ноҳияи Шаҳринав пешбинӣ шудааст.«Имрӯз нерӯгоҳҳои барқи обии «Шашболо», «Фатҳобод», «Ширкент» ва «Хурма» фаъолият доранд. Иқтидори ин нерӯгоҳҳо аз 180 то 572 кВт-ро ташкил медиҳад. Дар моҳҳои наздик нерӯгоҳҳои боқимонда низ ба истифода дода мешаванд»,-иттилоъ дод манбаъ.Аз ҷумлаи НБО-и хурди ба нақша гирифташуда нерӯгоҳи «Марзич»-и ноҳияи Айнӣ, ки иқтидораш 4300 кВт хоҳад буд, аз ҳама нерӯгоҳи калонтарин ба шумор меравад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






