Чархофалакҳои итолиёию чиноӣ дар Боғи Душанбе
Душанбе, 25 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт Боғи навбунёди умумишаҳрӣ дар маросими ботантана ба истифода дода мешавад, ки он дар минтақаи Осиёи Марказӣ назир надорад. Боғ дар қисмати шимолу ғарби Душанбе, дар яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва зебоманзари пойтахт-маҳаллаи Буни Ҳисорак дар масоҳати 15 гектар доман густурдааст. Арзиши умумии боғ беш аз 78 миллион сомонӣ буда, Раёсати сохтмони асосии шаҳр фармоишгар,Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикколхозсохтмон» пудратчиаш мебошад. Лоиҳаи боғро ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Саноатсоз»-и пойтахт таҳррезӣ намудааст. Боғи умумишаҳрӣ дорои бинои маъмурӣ, амфитеатри дорои 1080 ҷойи нишаст, қалъаи афсонавӣ, қаҳвахона дар ҷазира, бинои шоҳмот ва саққобозӣ, чойхонаи «Буниҳисорак», қаср дар об бинои хадамот, 2 адад арсаи хурд ва тоқи даромадгоҳӣ мебошад. Инчунин, майдончаҳои варзишӣ, аз қабили теннис, баскетбол, волейбол, гандбол ва футболи хурд, ки дар боғ ҷойгир шудаанд барои дӯстдорони варзиш шароити мусоидро фароҳам меоваранд.Майдончаи бозиҳои чархакронии «Скейдборд» бо ду нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнагишикан, ҳавзҳои Аквапарк, ҳавзи ландшафтӣ бо фаввораи мусиқию тасвирӣ ва дигар фаввораҳо ба намои зоҳирии боғ шукӯҳи хосса ва азамат зам намудаанд. Чархофалакҳо ва дигар дастгоҳу воситаҳои дилхушӣ, ки дар боғ насб шудаанд, сохти Италия ва Чинанд. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҷашнӣ беш аз 95 % ба анҷом расида, дар он 185 нафар сохтмончиёну мутахассисони маҳаллию хориҷӣ дар ду баст кор мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






