Дар ҷумҳурӣ 263,1 ҳазор ҳуҷра хусусӣ гардонида шуд

Август 10, 2011 14:57

Душанбе, 10 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – То 1 июли соли равон дар ҷумҳурӣ 263,1 ҳазор ҳуҷра хусусӣ гардонида шудааст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи умумии ҳуҷраҳои хусусӣ гардонидашуда 192,1 ҳазор ҳуҷра фурӯхта шуда, 4,1 ҳазор ҳуҷра бо қисман пардохтани арзишашон ба аҳолӣ супурда ва 66,8 ҳазор ҳуҷра ба таври ройгон ба мардум дода шудааст. Масоҳати умумии ҳуҷраҳои хусусӣ гардонидашуда 14,4 миллион метри мураббаъро ташкил дод. Шаҳри Душанбе аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳои хусусигардонии манзил дар байни минтақаҳо ҷойи аввалро касб мекунад. Дар пойтахт беш аз 116,3 ҳазор ҳуҷра хусусӣ гардонида шудааст, ки масоҳати умумиашон беш аз 6,4 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Шаҳринав 310 ҳуҷра хусусӣ гардонида шудааст, ки ин аз ҳама камтар аст.

Август 10, 2011 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш