Дар ду рӯз се сӯхтор, дар 7 моҳ чӣ?
Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои масъули маркази матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар давоми ду рӯзи аввали ҳафтаи дуюми моҳи августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе се ҳодисаи нохуши сӯхтор: яке дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ, хонаи 29, дуюм дар кӯчаи Рӯдакӣ — 100 ва сеюм дар мағозаи «Элегант» -и бозори «Корвон» ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он ба соҳибони хонаҳои истиқоматӣ ва соҳибкорону савдогарон хисороти зиёди молӣ расидааст.Тибқи маълумоти сардори шӯъбаи нозироти ташкилии Сарраёсати Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ Ашур Хоҷаев, аз аввали соли ҷорӣ то 10 –уми августи соли 2011 дар миқёси ҷумҳурӣ 656 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки хисороти аз он ба мардум расида 9 млн. 931 ҳазор сомониро ташкил намуда, 17 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расидааст. Шумораи ашхоси дар соли 2010 дар натиҷаи сӯхтор ба ҳалокатрасида 22 нафарро ташкил додааст. Хушбахтона, дар се сӯхтори даҳаи якуми моҳи августи соли ҷорӣ касе ба ҳалокат нарасидааст. Зарари он ҳанӯз аз тарафи кормандони Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ муайян нашудааст, аммо шоҳидони ҳодиса онро беш аз 2 млн. сомонӣ арзёбӣ менамоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






