Дар Душанбе ду озмоишгоҳи нав ба кор даромад
Душанбе, 17 август (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар арафаи таҷлили 20 – солагии Истиқлолиятии давлатии ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои радиологӣ ва санитарию бактериологии назди Хадамоти давлатии назорати санитарӣ рӯи кор омаданд, ки баъди тармими асосӣ бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шудаанд. Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ, ки ба муносибати ифтитоҳи ду озмоишгоҳи нав баргузор гардид, журналистон бо таҷхизоти ҳар ду озмоишгоҳ ва фаъолияти онҳо шиносоӣ пайдо карданд. Мутахассисоне, ки дар озмоишгоҳҳои радиологӣ ва санитарию бактериологӣ фаъолият доранд, дар марказҳои чунин озмоишгоҳҳои Таиланд, Туркия, Русия ва Қазоқистон таҷриба андӯхтаанд. Мувофиқи суханони муовини директори Хадамоти давлатии назорати санитарӣ Наврӯз Ҷаъфаров, Ҳукумати ҶТ ва Вазорати тандурустии ҶТ барои тармиму таҷдиди озмоишгоҳҳо маблағи зарурӣ ҷудо карданд.Баъди ифтитоҳи ду озмоишгоҳи нав дар бинои Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ маросими ботантанаи мукофотонидани кормандони шоиста ва собиқадорони ин хадамот баргузор шуд. Директори Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии назди Вазорати тандурустии ҶТ Самариддин Алиев ба ифтихори Рӯзи кормандони тибб, ки ҳар сол 18 август таҷлил мешавад, ба 10 нафар кормандони шоиста ва собиқадорони хадамот ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ супурд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






