Дар кадом бонк амонати шахсони воқеӣ зиёд шуд ?

Август 24, 2011 12:10

Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии амонат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,3 % афзуда 3,9 млрд. сомониро ташкил дод. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз ҷумла шумораи амонат дар шакли асъори миллӣ баробари 1,5 млрд. сомонӣ ва дар шакли асъори хориҷӣ 2,4 млрд. сомонӣ зиёд гардид. Дар сохтори амонат 49,5% ё 1,9 млрд. сомониро амонати шахсони ҳуқуқӣ ва 50,5 ё 2 млрд сомониро амонати шахсони воқеӣ ташкил медиҳад.Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи ҳисобот фоизи амонати миёнаи муқаррарӣ дар шакли асъори миллӣ 15,91 % ва дар шакли асъори хориҷӣ 15,8 %-ро ташкил дод.

Август 24, 2011 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд