Дар Тоҷикистон истеҳсоли ангишт афзуд
Душанбе, 29 август (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон истеҳсоли ангишт меафзояд. То имрӯз дар кишвар 104 ҳазору 553 тонна ангишт тавлид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 678 тонна зиёд буда ва 108 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, дар давраи ҳисобот 102 ҳазору 114 тонна ангишт фурӯхта шуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ захираи ангишт бо назардошти захираи солҳои гузашта 51 ҳазору 107 тоннаро ташкил медиҳад. «Дар ҳоли ҳозир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беш аз 1815 нуқтаи фурӯши ангишт фаъолият дошта ва ҳамаи хоҳишмандон метавонанд, ки аз онҳо ангишт харид кунанд», — хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






