Дар Тоҷикистон маъракаи пахтачинӣ сар шуд
Душанбе, 9 август (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон маъракаи пахтачинӣ оғоз ёфт. Деҳқонони ноҳияҳои вилояти Хатлон аввалин шуда, ба ҷамъоварии «тиллои сафед» шурӯъ намуданд.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, маъракаи пахтачинӣ аз минтақаҳои ҷанубии кишвар ва пеш аз ҳама дар ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз ёфт. Баъди чанде вақт деҳқонони навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва пахтакорони вилояти Суғд ҳам ба ҷамъоварии пахта шурӯъ мекунанд. «Ҳосилнокӣ дар ҷануби кишвар аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 25 – 26 сентнерӣ ва дар минтақаҳои шимоли мамлакат 24 – 25 сентнериро ташкил хоҳад дод. Ба ҳамин тариқ, дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 26 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, ҳосили умумии пахта дар кишвар 420 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Ҳосили пахтаи маҳиннах дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 15 ҳазор тонна хоҳад буд», — зикр намуданд дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.Хотирнишон месозем, ки соли ҷорӣ пахтакорони мамлакат дар масоҳати 203 ҳазор гектар пахта кишт намуданд. Соли гузашта дар масоҳати 160,4 ҳазор гектар пахта кишт шуда, ҳосили умумии он 310 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






