Дар Триполи 2 шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондааст

Август 23, 2011 15:30

Душанбе, 23 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Тибқи иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Араби Миср, то имрӯз дар Либиё ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – корманди ширкати Туркия Одинаев Абдуҳалим ва донишҷӯ Икромов Абдураззоқ боқӣ мондаанд.Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вазъи саломатии онҳо хуб буда, аз воқеаҳои Триполи зарару осеб надидаанд.Ҷониби Тоҷикистон аз Сафорати Русия дар Либиё хоҳиш намуд, ки дар мавриди зарурат ба шаҳрвандони зикршуда дасти ёрӣ дароз кунад.

Август 23, 2011 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш