Дармонгоҳи тахассусӣ ҳадя ба ҷашни Истиқлол
Душанбе, 11 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе дармонгоҳи тахассусии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон /ҶҲАЭ/ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ба иттилои равобити умумии Сафорати Эрон дар Душанбе дармонгоҳи тахассусӣ шомили бахшҳои табобати чашм, пӯст, бемориҳои занона, қалб, рӯдаю меъда, радиоложӣ, сонографӣ ва озмоишӣ мебошадҶамъияти мазкур, ки аз соли 2003 дар Тоҷикистон фаъолият дорад, қаблан дорои дармонгоҳи умумӣ буд ва ба шахсони ниёзманд дар асоси пешниҳоди маълумотнома аз макони зист ба таври ройгон кӯмаки тиббӣ мерасонид.ҶҲАЭ алҳол дар 18 кишвари қораи Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин беш аз 30 маркази тиббию дармонӣ дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






