Дастовардҳои арзанда ба истиқболи ҷашни Истиқлол
Турсунзода, 18 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). – Коргарони Корхонаи фаръии давлатии «Алюминсохтмон» 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Ҳарчанд ки, КФД «Алюминсохтмон» се сол боз фаъолият дорад, вале аллакай саҳми коргарони ин корхона дар бисёр иншоот назаррас аст. Аз ҷумла, сохтмончиён бинои маъмурию маишии заводи криолитро дар Ёвон, боғчаи бачагонаи №-6-ро дар ноҳияи Данғара, осоишгоҳ ва меҳмонхонаи сеситорадорро дар ноҳияи Ишкошим, манзилҳои истиқоматиро дар шаҳри Кӯлоб, таҳкурсии пояи Парчамро дар Душанбе ва манзили 75 ҳуҷрадорро дар шаҳри Турсунзода сохта ва ба истифода доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






