Дастуруламал барои боэътимоди қарзҳо
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров то 1-уми июли соли ҷорӣ қарзи аҳолӣ аз ширкати мазкур ба 254,6 млн. сомонӣ расидааст.Ба иттилои манбаъ, қарзи аҳолӣ на дар давоми як- ду соли охир, балки аз давраи таъсиси ширкат ба вуҷуд омада, то имрӯз давом дорад.Қарзҳои дебитории ширкати мазкур дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 150 млн. сомонӣ зиёд шуда то 1 –уми июл ба 752 млн. сомонӣ расидаанд.Масъулини Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ШСХК «Барқи тоҷик» -ро калонтарин ширкати қарздор аз андоз арзёбӣ намуданд. Танҳо қарзи аз буҷет доштаи ширкат ба 366,3 млн. сомонӣ баробар аст. Дар давоми ним соли 2011 маблағи қарзи андози ширкат 58,7 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.Тибқи Дастуруламали Вазорати молия қарзҳое, ки зиёда аз се сол вуҷуд доранд дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои асосноккунанда беэътимод дониста шуда аз ҳисоби қарз бароварда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






