Директорони Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ таъин шуданд
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»).-Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Носир Юсупович, ки пештар дар вазифаи Ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон кор мекард Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин карда шуд.Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Абдувалӣ Қурбоналиевич, ки пештар дар вазифаи Директории Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод кор мекард Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид.Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёев Хуршедҷон Махшулович, ки дар вазифаи Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард Ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон таъин карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






