Ду ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор шуд
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 3 августи соли ҷорӣ кормандони ВКД кишвар ду ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор намуданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, дар рафти амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаҳрванди 39 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир шуд. Аз дохили мошини ӯ 20 бастачаи селофанӣ, ки дар дохилашон қариб 1 кг маводи нашъадори героин буд, мусодира гардид.Тибқи суханони манбаъ инчунин дар ҷараёни амалиёти дигари кормандони ин мақомот аз шаҳрванди 34 солаи сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон қариб 1 кг ҳашиш дарёфт гардид. Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






