Ду низомии мусаллаҳ кӣҳо буданд?
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 21 августи соли ҷорӣ 2-нафар шахси номаълуми дар тан либоси низомӣ дошта ва бо яроқи оташфишон мусаллаҳ ба назди ҳавлии истиқоматии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов М. Худойбердиев омада, ба тарафи хонаи ӯ якчанд тир холӣ менамоянд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ҷинояткорон баъди тирпаронӣ аз бордони автомашинаи М.Ш. Худойбердиев ҷавоҳироти заргариро ба маблағи 485 ҳазор сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Дар натиҷаи тирпанронӣ писари Худойбердиев аз дасти росташ тир хӯрда, дар беморхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов бистарӣ шудааст. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон тафтишот идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






