«Dushanbe –Serena» дорои чанд люкс аст?
Душанбе, 12 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи ҷашни 20 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи наву замонавии панҷситорадор — «Душанбе-Серена» /Dushanbe-Serena/ ба истифода дода мешавад. Меҳмонхонаи «Душанбе-Серена», ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт сохтмонаш идома дорад, дорои 95 ҳуҷра буда, 4 адади он ҳуҷраи люкс ва яктоаш «Президентӣ» мебошад, ки дар ошёнаи 8 ҷойгир шудаанд. 80 ададро ҳуҷраҳои муқаррарӣ ташкил медиҳанд. «Душанбе-Серена» е аз иншооти бузурги ҷашнии пойтахт буда, дар масоҳати беш аз 11 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Меҳмонхона дорои даҳ аппартамент аст, ки онҳо дар ошёнаҳои аз 3 то 7 ҷойгир шудаанд. Дар маҷмӯъ, «Душанбе-Серена» аз 9 ошёна иборат аст, ки дар ошёнаҳои 3 ва 9 –уми он тарабхона ва ҳавзи манзаравӣ вуҷуд дорад. Иншооти мазкур бо маблағи беш аз 165 миллион сомонӣ сохта шуда, фармоишгараш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Туризм промоушн сервисиз» мебошад, ки яке аз ширкатҳои фаръии Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ аст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби пудратчии асосӣ -Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «БАТТ Курилис»-и Қазоқистон ба иҷро мерасонад. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе, «Душанбе -Серена», ҳамзамон дорои толорҳои муосиру замонавии зиёфатӣ, конфронсҳо, тарабхона, қаҳвахона ва чойхона мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот чор сол муқаддам- моҳи декабри соли 2007 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе шурӯъ гардидаанд. Дар остонаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боз як иншооти ҷашнӣ аз рушди иқтисод ва беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа дарак медиҳад. Зеро баробари ба истифода додани «Душанбе-Серена» беш аз 200 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






