Дзюдочиёни тоҷик ба Киев мераванд

Август 10, 2011 09:26

Душанбе, 10 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 11 август дар шаҳри Киеви Украина мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи гӯштини тарзи дзюдо байни ҷавонон сар мешавад. Мусобиқот дар «Қасри варзиш» — и Киев давом мекунад, ки дар он гӯштингиргони ҷавони Тоҷикистон, Русия, Фаронса, Бразилия, Ҷопон, Гурҷистон, Куриё иштирок менамоянд.Ситоди мураббиҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳайати ниҳоии дастаи миллиро муайян намуд, ки ба он 13 нафар гӯштингирон ва ду мураббӣ шомиланд. Гӯштингирони ҷавони тоҷик дар ВМКБ таҳти роҳбарии мураббиҳо Владимир Елчанинов ва Кишвар Шамиров ба мусобиқоти ҷаҳон тайёрӣ диданд.Бо вуҷуди ҷавон будани синни иштирокдорон, ин мусобиқот аз рӯи системаи варзишгарони калонсол доир гардида, дар ҳар вазн фақат ду нафарӣ аз ҳар кишвар қувваозмоӣ менамоянд. Қобили зикр аст, ки ғолибони мусобиқот на фақат медал мегиранд, балки барои дарёфти мукофоти маблағаш баробари 50 ҳазор доллар низ қувваозмоӣ менамоянд.

Август 10, 2011 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад