Эмомалӣ Раҳмон ба Пратибха Патил барқияи табрикӣ ирсол намуд
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:Хонуми Олиҷоҳ,Ниҳоят масрурам, ки Шумо ва мардуми дўсти ҳиндустонро ба ифтихори ҷашни миллӣ – солгарди истиқлоли кишвар – сидқан табрик ва таҳният намоям.Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳоямон дар аҳди истиқлолияти Тоҷикистон ва алалхусус тўли панҷ-шаш соли охир, баъди сафарҳои мутақобилаамон ба кишварҳои якдигар, ба таври муассир густариш ёфтанд. Ҷониби Тоҷикистон ба аҳду паймонҳои ҳосилшудаи дуҷониба аҳамияти вижа дода, умед дорад, ки бо талоши ҳарду ҷониб ҳамкории Тоҷикистону ҳиндустон дар асоси дуҷониба ва чандҷониба – ба хотири таҳкими сулҳу субот ва густариши фазои мусоиди равобит дар минтақа – ба зинаҳои баландтари рушду тавсеа ноил хоҳад гашт.Бо арзи табрики муҷаддад, ба Хонуми Олиҷоҳ сиҳатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дўсти Ҳиндустон амну амонӣ, хотири осуда, саодат ва пешрафт таманно дорам. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






