Фаъолияти ширкати «Эмалто» тафтиш мешавад

Август 16, 2011 09:23

Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба ҳамтоёни тоҷикистонии худ иттилоъ доданд, ки дар шаҳри Краснодари ФР 40 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз боздошти иҷборӣ озод кардаанд.Ба иттилои манбаъ, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон аз вилояти Суғд буда, дар ширкати пойафзолбарории «Эмалто» кор мекардаанд. Дар давоми фаъолияташон онҳо ба меҳнати ройгон ҷалб карда шудаанд, ки ин тибқи қонунгузории ФР нақзи сангинтарини ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад.Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия ва мақомоти прокуратураи он музди меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистон бо пардохти ҷуброни таъхир аз ширкати «Эмалто» ситонида шуда, як қисми ин муҳоҷирон ба ватан баргардонида шуданд.Айни замон прокуратураи шаҳри Краснодар нисбат ба фаъолияти ширкати мазкур тафтишот мебарад. Дар сурати пурра собит шудани қонуншиканӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар ғуломӣ нигоҳ доштани онҳо роҳбарони ширкатро ҷазои сангин интизор аст.

Август 16, 2011 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд