Фарҳод Восиев касбашро дар «Шинник» давом медиҳад
Душанбе, 9 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Рӯзҳои наздик ҳимоятгари дастаи футболи «Жемчужини — Сочи» Фарҳод Восиеви тоҷикистонӣ бояд қарордодро бо дастаи футболи «Шинник» — и шаҳри Ярославл имзо кунад. Тавре «Советский спорт» менависад, Фарҳод Восиев бо дастаи «Шинник» қарордоди бисёрсоларо имзо менамояд. Ташаббускори ба ин ҷо даъват шудани футболбози 21 – солаи Тоҷикистон сармураббии «Шинник» Юрий Газзаев мебошад, ки ҳанӯз солҳои дар дастаи «Криля Советов» бо Фарҳод Восиев ҳамкорӣ доштанаш аз имкониятҳои ӯ воқиф гардида буд.Хотирнишон месозем, ки аз ин пеш Фарҳод Восиев дар дастаи футболи «Жемчужини – Сочи» — и шаҳри Сочи ҳунарнамоӣ мекард. Ҳоло клуби шаҳри Сочи бинобар душвориҳои молиявиаш дар мусобиқоти лигаи миллии футболи Русия иштирок намекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






