Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон» ф а р м о н м е д и ҳ а м: 1) Аз 1 сентябри соли 2011: — музди меҳнати директорони институтҳо, пажўҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳо, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад; — музди меҳнати кормандони раёсатҳои Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад; — музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 112 сомонӣ муқаррар карда шавад; — маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад; — музди меҳнати кормандони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба музди меҳнати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баробар карда шавад; — маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад; — маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинони раис ва судяҳои судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои иқтисодӣ ва судҳои ҳарбии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, судҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шавад; — маоши моҳонаи вазифавии раисон, муовинон ва судяҳои Суди Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон ва музди меҳнати моҳонаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад; -Андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳаҷми 350 сомонӣ муқаррар карда шавад; — маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифии кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд (ба ғайр аз сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нўҳум ва даҳуми банди 1 Фармони мазкур), ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад; — музди меҳнате, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, №119 барои кормандони марказҳои (гурўҳҳои) татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалишаванда муайян гардидааст, дар доираи маблағҳои барои нигоҳдории онҳо пешбинишуда ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шавад; — нафақаи меҳнатӣ ва иҷтимоии нафақахўрон ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақали нафақаи муқарраргардида зиёд карда шавад; — андозаи амалкунандаи стипендияи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи аспирантҳо ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои Донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон) 40 фоиз зиёд карда шавад. 2) ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ: — дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, аз ҳисоби маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёдии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷотӣ ва маблағҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд; — дар мўҳлати се моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод карда, қарорҳои дахлдори худро бо Фармони мазкур мутобиқ намоянд; — ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа), мувофиқи қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудааст, анҷом дода шаванд. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш.Душанбе 02 августи соли 2011 №1126








Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад






