Филми коргардони тоҷик дар фестивали «Киношок – 2011»
Душанбе, 30 август (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Дар Фестивали ХХ кушодаи ҷашнии кишварҳои аъзои ИДМ, Латвия, Литва ва Эстония — «Киношок – 2011», ки аз 11 то 20 сентябр дар шаҳри Анапаи кишвари Краснодари Русия баргузор мегардад, филми коргардони тоҷик Фарҳод Абдуллоев намоиш дода мешавад. Ба ҳайати ҳаками барномаҳои озмунии фестивал ходимони барҷастаи фарҳанги Русия, ИДМ ва Балтия Ирина Антонова, Роман Витюк, Виктор Ерофеев, Андрей Битов, Владимир Маканин, Павел Каплевич, Владимир Достал, Святослав Бэлза ва дигарон шомиланд. Фестивали кушодаи кинои кишварҳои ИДМ, Латвия, Литва ва Эстония таҳти васояти Маъмурияти Президент ва Ҳукумати Федератсияи Русия ва дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ сурат мегирад. Роҳбари Маъмурияти Президенти Русия Сергей Наришкин масъули Кумитаи ташкилии фестивал мебошад. Дар ин бора дар дафтари матбуоти Бунёди байналмилалии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






