Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Хуҷанд баргузор мешавад
Душанбе, 1 август (АМИТ «Ховар», (Людмила Дубинина). – 14 сентябр Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» якҷоя бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигар, иттиҳодияҳои тоҷирон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзӯи «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон» форуми байналмилалии иқтисодӣ доир менамояд. Мақсади асосии рӯи кор овардани ин чорабинӣ иборат аз барқарор намудани равобити бисёрҷониба бо аҳли тиҷорати кишварҳои мухталиф, шиносоӣ бо нерӯ ва имконоти Тоҷикистон ва минтақаҳои он, табодули таҷриба ва роҳҳои рушду ривоҷи равандҳои ҳамкории инфиродии давлатӣ, муайян намудани мақоми созмонҳои байналмилалӣ дар амри расонидани мадад ба барқароршавии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аст.Ба фикри ташкилкунандагон иштироки намояндагони байналмилалӣ ва кишвар дар фаъолияти форум заминаи рӯи кор овардани ҳамкории самарабахш дар чаҳорчӯбаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» — ро мегузорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






